Дар Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм, ки яке аз ёдгориҳои нодири бостонӣ дар Осиёи Миёна аст, 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Дар партави дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирандешиҳои пайваста ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ хатсайрҳои сайёҳии нав таъсис ёфтанд. Ин хатсайрҳо натиҷаи ҳамкории зичи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо шарикони рушд ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ буда, ба муносибати бузургдошти 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, инчунин баҳри тарғиби мавзеъҳои назаррабои мамлакат равона шудаанд», — изҳор доштанд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Бино ба иттилои масъулини Кумита, аксари хатсайрҳои сайёҳӣ дар заминаи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва экологию кӯҳии мамлакат  таҳия гардида, бо назардошти талаботу дархости сайёҳон ва мавсими сайру саёҳат аз 6 то 15 рӯзро дар бар мегиранд.

Аз ҷумла, хатсайре, ки аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Чил меҳроб” таҳия гардид, аз 8 то 11 рӯзро дар бар гирифта, тавассути шаҳру минтақаҳои Душанбе – Бохтар – Ҳисор – Норак — Ромит – Панҷакент – Истаравшан – Хуҷанд — Душанбе амалӣ мегардад.

Хатсайри дигар аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Артуч” таҳия гардида, он ба самти сайёҳии кӯҳнавардӣ равона гардидааст ва аз 6 то 8 рӯзро дар бар мегирад.