Сайёҳи дар ноҳияи Сангвор

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон солҳои 2019-2021-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуд, ки шароити мусоиди табӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Сарзамини Тоҷикистон табиати бою нотакрор дошта, чашмаҳои шифобахш, мавзеҳои дилпазираш бахше аз сарватҳои бебаҳо мебошанд. Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» бо қарори раиси ноҳия аз 14 марти соли 2018, №78 «Барномаи ноҳиявии рушди сайёҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» тасдиқ гардидааст.

Инчунин вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо амри раиси ноҳия аз 30 январи соли 2018, №19 нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ мо фестивали маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот баргузор намудем, ки ин мақбули мардум буд. Ба ғайр аз ин дар ҳама чорабиниҳои ноҳиявӣ ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ намоиш дода мешавад. Маводҳои нави иттилоотӣ-сайёҳии ноҳия аз қабили наворҳои видёои, диск, буклет ва роҳнамои барои сайёҳон ва дигар маводҳои тарғиботи таҳия гардидааст.

Дар даромадгоҳи ноҳия ва назди ҳамаи деҳаҳо насби рекламаҳо ва ишораҳои сарироҳӣ ба роҳ монда шудааст. Сомонаи интернетии ноҳиявӣ таъсис дода шуда дар сомона маводҳои сайёҳӣ гузошта шудаанд. Масъулин вазифадор гардидаанд, ки дар меҳмонхонаҳо ва меҳмонхонаҳои хурди сайёҳӣ (хостелҳо)–и сарироҳӣ гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумиро ба роҳ монанд. Дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 102 иншоотҳои хурду бузург сохта ба истифода дода мешавад. Дар шафати роҳи мошингарди Лаби Ҷар – Тавилдара — Миёнаду зиёда аз 50 ҷойҳои дамгирӣ ва пайкараҳои ҳайвоноту паррандаҳои нодир, ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Ҳоло дар ҳудуди ноҳия нуҳ меҳмонхонаҳо, ки аз ин панҷтояш дар маркази ноҳия ва қад –қади роҳи мошингарди ҳудуди ноҳия зиёда аз 20 адад ҳуҷраҳо барои сайёҳон дар хонаҳои хусусӣ мавҷуд аст. Ба ифтихори 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишини ноҳия, аз ҷумла бунёди маркази саломатӣ бо таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ ва майдончахои варзишӣ ба накша гирифта шудааст. Масоҳати умумии ноҳияи Сангвор 5984 км2 буда, дар қисмати шимолу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ноҳия аз тарафи шимол бо ноҳияи Нуробод, шимолу шарқ бо ноҳияи Рашт, ҷанубу шарқ бо ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва аз тарафи ҷануб бо ноҳияҳои ховалинг ва Балҷувон ҳамсарҳад мебошад. Ноҳия ба ҳайати ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешавад.

Маркази ноҳия аз пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе дар масофаи 205 км дур воқеъ гаштааст. Ноҳияи Сангвор аз 5 ҷамоати деҳот ва 86 деҳа иборат мебошад. Ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор: Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат. Дар ноҳия ёдгории таърихии мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ, ки таърихи зиёда аз 3-5 ҳазорсола дорад ва манзараи зебои фароғатии Ҳавзи Кабуд ва даҳҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки симои ноҳияро дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он номдор кардаанд, ҷойгир мебошанд. Сангвор дар води руди Хингоб аз сарҳади ноҳияи Нуробод аз ғарб то қисмати шарқии (мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ) ба масофаи 205 км тӯл кашидааст.

Ноҳияро дар қисматҳои марказӣ ағбаҳои Полезаку Харсанг ва дар ҷанубу шарқӣ ағбаи Хобурубот аз ноҳияҳои Ховалингу Дарвоз ҷудо намудаанд. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Хингоб мегузарад, ки он ба масофаи 250 км тӯл кашида, аз ин дарё дар мавсими тобистон дар як сония 750-800 м3 об ҷорӣ шуда, ба дарёи Вахш пайваст мешавад. Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1600 то 3000 метр ҷойгир буда, иқлимаш муътадил, тобистонаш салқин ва замистонаш хунук аст. Давомнокии давраи гармо дар ноҳия 125-215 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи шабонарӯзии ҳаво дар фасли тобистон +18 +25С0 ва зимистон аз +5 то -18С0 ташкил медиҳад. Дар баландиҳои бештар аз 3000 метр ҳаво то -30-35С0 хунук мешавад. Миқдори боришот солона ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад. Дар қаламрави ноҳия ҳайвонҳои ваҳшӣ: хирс, гург, хуки ёбоӣ, силовсин, рӯбоҳ, нахчир ва ғайра ба таври фаровон зиндагӣ доранд. Барои рушди хоҷагии шикор ва парвариши бузи кӯҳии нахчир ба ҶДММ «Помир Пикс» аз ҳисоби заминҳои захираи давлатии ноҳия, ба миқдори 17 ҳазору 126 гектар замин ҷудо карда дода шудааст, ки ҳамасола саёҳони зиёд барои тамошо ва шикори бузи кӯҳи ба ноҳия ташриф меоранд.

Дар ноҳия қариб ҳамаи дарахтони зинатбахшу мевадор (себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, бодом) растаниҳои даштӣ ва бешагӣ мерӯянд. Табиат ва иқлими ноҳия барои занбуриасалпарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва сайёҳию куҳнавардӣ хеле мувофиқ мебошад. Ноҳия дорои захираҳои бои табиӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад. Ноҳияи Сангвор дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, ки дар ноҳия мавҷуд мебошанд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошад. Лозим меояд, ки фаъолнокии соҳибкорон оиди ташкили муассисаҳои номбурда, агентиҳо оид ба ташкил ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ вусъат дода шавад.

Ояндаи ноҳияи Сангвор ва рушди он ба туризм вобастагии зич дорад. Дар соли 2019 ба ноҳияи мо 4978 нафар сайёҳон, аз ҷумла 1391 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 3578 нафар сайёҳону меҳмонони дохилӣ ташриф овардаанд, ки нисбат ба соли 2018 762 нафар зиёд мебошад. Бо камоли боварӣ изҳор менамоям, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ноҳияро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи хеле муҳими сайёҳӣ (туристӣ) табдил медиҳем.

Ноҳияи Сангвор дорои шарпоити мусоиди рушди соҳаи сайёҳи ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, ки дар ноҳия мавҷуд мебошанд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошад. Мушкилоти пешгирандаи рушди соҳаи мазкур пеш аз ҳама дар ҳолати ногувор қарор доштани роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Сангвор, суст будани инфрасохтори сайёҳӣ, маишӣ ва фарҳангию фароғатӣ(меҳмонхона, осоишгоҳҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ, марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳо ва бозорҳо), кам будани мутахассисони соҳавӣ ба шумор меравад. Лозим меояд, ки фаъолнокии соҳибкорон оиди ташкили муассисаҳои номбурда, агентиҳо оид ба ташкил ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ вусъат дода шавад.

Ояндаи ноҳияи Сангвор ва рушди он ба туризм вобастагии зич дорад. Ман бо камоли боварӣ изҳор менамоям, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ноҳияро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи хеле муҳими сайёҳи (туристӣ) табдил медиҳем.