Маълумоти таърихӣ ва фарҳангӣ нохияи Сангвор

           Ноҳияи Сангвор 5984 км2 буда, дар қисмати шимолу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ноҳия аз тарафи шимол бо ноҳияи Нуробод, шимолу шарқ бо ноҳияи Рашт, ҷанубу шарқ бо ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз ва указ тарафи ҷануб бо ноҳияҳои Ховалинг ва балҷувон ҳасарҳад мебошад. Ноҳия ба ҳайати ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешавад. Маркази ноҳия аз пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе дар масофаи 205 км дур воқеъ гаштааст. Ноҳияи Сангвор аз 5 ҷамоати деҳот ва 90 деҳа иборат мебошад. Ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор: Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат.       Маълумоти таърихӣ ва фарҳангӣ. 22-24 декабри соли 1930 дар конференсияи якуми ҳизби округи Ғарм ноҳияи Сангвор (собиқ ноҳияи Тавилдара) дар ҳайати округи Ғарм ташкил карда шуд. Моҳи феврали соли 1931 деҳаи Тавилдара ҳамчун маркази маъмурии ноҳия таъсис ёфта, соли 1955 ноҳия барҳам дода шудааст.   Ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор) бори дуюм 23 феврали соли 1991 аз нав ташкил шудааст. Аз соли 2016 инҷониб ноҳияи Сангвор номгузори гардидааст. Дар ноҳия ёдгории таърихии мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ, ки таърихи зиёда аз 3-5 ҳазорсола дорад ва манзараи зебои фароғатии Ҳавзи Кабуд ва даҳҳо ё дгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки симои ноҳияро дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он номдор кардаанд, ҷойгир мебошанд.

парк Тавилдара кисми — 1
парк Тавилдара кисми — 2