Мавзеъҳои ҷолибӣ сайёҳии Ҷкмҳурии Тоҷикистон

Сайёҳат ба Варзоб

Дараи Варзоб, ин зеботарин минтақаи куҳҳӣ буда аз Душанбе то он ҷо 10 – 15 дақиқаина роҳ аст. Ҷои тамошобоби ин дара – шаршараи Ғузғар ва дарёи Сиёма мебошад. Дар ин ҷо манзараҳои ҷолиб ва истироҳатгоҳо вуҷуд доранд, ки барои истироҳат хеле қулай аст.

Қалъаи Ҳисор

Ҳисор маркази Бухорои Шарқи ба ҳисоб рафта то соли 1924 дар зери дасти дастнишондоди амири Бухоро Иброҳимбек қарор дошт, ки аз тарафи артиши сурх шикаст хурд. Қалъа аз ду манора, корвонсаро ва ду мадраса ки якеаш осорхонаи этнографи мебошад иборат аст. Дигар боз ёфтҳои таърихи аз наздикии қалаи Ҳисор пайдо шуда ин мақбараи Махдуми Аъзам, масҷиди сангин ва чашмаи моҳиён мебошад.

Калонтарин чойхона дар Осиёи Миёна

Суҳбат бо дустон ва оила дар сари як пиёла чой расму оини беҳтарини тоҷикон аст. Чой одатан дар сари дастархон ҳангоми таомхури дода мешавад, ки беҳтарин расми тоҷикона мебошад. Чойнуши дар хама давраҳои иҷтимои ҳато дар чойхонаҳо реша давонда аст. Агар шумо дар ин расму оини тоҷикона иштирок кардан хоҳед шумо метавонед дар беҳтарин ва калонтарин чойхонаи Осиёи Маркази, ки бо номи Чойхонаи Кохи Наврӯз машҳур аст дидан намоед. Ин чойхона дар Душанбе буда бо санъати баланди меъмори, кандакориҳои дастии руи чуб тароҳи шуда аст, ки хеле диққат ҷалбкунанда мебошад. Чойхона бо ҳашамат буда дар он супермаркет, боулинг ва дигар ҷойҳои тамошобоб дорад. Агар шумо дар Тоҷикистон бошед ҳатман сари як пиёла чой ба ин чойхона меҳмон шавед.