Кӯҳҳо ва кӯлҳо

Дар ҳудуди Тоҷикистон наздики 1450 кӯлҳо ба кайд гирифта шудааст, ки баъзеи онҳо  дар баландии беш аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мебошанд. Кишвар аз кӯлҳои зебо бой буда, ҳар як кўл таърихи пайдоиши худро дорад. Ҷанубтар аз дараи Зоол, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кӯли калони шури Қарокўл, ки дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ки чуқурии он 236 метр мебошад. Муайян карда шудааст, ки кул дар давраи яхбандии сахт бавуҷуд омада ва чуқурии он бо пиряхҳои яхбаста доимо пушонида шудааст. Кул бо ибораи туркӣ “Кули сиёҳ” ном бурда мешавад. Дар ҳолати шамоли сахт мавҷҳои кул баланд шуда оби кул ранги сиёҳро мегирад ва аз ҳамин ҷо номи кул гирифта шудааст.

Бо ақидаи олимон, ҳавзаи кул дар натиҷаи тағйроти сохти яхбандии қадим, бавуҷудои тектоникиро дорост. Аз ин ру тадқиқоти геологии солҳои охир, инчунин дар натиҷаи омўзишҳои аксҳои кайҳонии кул баъзе олимон ақида доранд, ки кули Қароқўл 25 млн сол пеш дар натиҷаи афтиши метеорид ба вуҷуд омадааст. Зарбаи сахти метеорит ба замин дар натиҷаи танураи 45км-ро ба вуҷуд овардааст. Аҷоиботи кул дар он аст, ки пиряхҳои соҳилҳои кул дар фурсати муайяншуда зери об мераванд.

Дар бораи аз куҷо пайдошудани яхҳо байни олимон ақидаи гунногун вуҷуд дорад. Чи гунае набошад, пиряхҳои соҳили  кул оҳиста- оҳиста об шудаистода, дар натиҷа, дараҳо, шар-шараҳо, кулчаҳо бо ҷазирачаҳоро ба вуҷуд меорад. Андозаи худи кул доимо дар тағирёбист.

                               

Помир

Кӯҳистони Помир пайвандгоҳи баландтарин кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиён-Шон аст. Баландтарин нуқтаи Помир қуллаи Исмоили Сомонӣ ба баландии 7495 м мебошад. Ин қулларо аз соли 1932 то соли 1962 қуллаи Сталин ва аз соли 1962то соли 1998 қуллаи Коммунизм меномиданд. Дигар қуллаҳои баланди Помир қуллаи Истиқлолият (7165 м то июли 2006 – қуллаи Ленин), қуллаи Абуалӣ ибни Сино(6940 м, то июли соли 2006 – қуллаи Революция) ном доштанд.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ яке аз куллаҳои кӯҳҳои баландӣ Тоҷикистон аст. Нуқтаи аз ҳама баландаш 7495 м мебошад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ номаш қуллаи Коммунизм буд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Дар асри 20 ин қуллаи кӯҳӣ ба мавзеи сайёҳии кӯҳнавардӣ мубаддал гаштааст ва яке аз минтақаи сайёҳии Бадахшон мебошад.